МУАЛЛИФ КИСТ?
Цена
Абдулбосит Абдуллоҳзода кист? Ман – Абдулбосит Абдуллоҳзода, соҳибкор ва Спикер дар соҳаи тиҷорат. Сафарро аз мактаби миёна оғоз кардам: онро бо аттестати сурх хатм намуда, соҳиби ду медал – яке дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва дигаре байналмилалӣ – аз фанҳои дақиқ гаштам. Сипас бо дониш ва малакаи худ Донишгоҳи тиббиро дар бахши дорусозӣ хатм намудам. Аммо ҳанӯз ҳангоми донишҷӯӣ қадами аввалро ба олами тиҷорат гузоштам: бо харидуфурӯши сӯзандору тиҷорати хурди худро оғоз кардам. Ба зудӣ қадамҳои ҷиддитар гузошта, аввалин сехи истеҳсолии худро роҳандозӣ намудам: истеҳсоли маҳлулҳои антисептикии РОКСИ, бинт ва ватаи тиббӣ. Дар пайи ин таҷриба сехҳои нав таъсис ёфтанд: • сехи истеҳсол ва бастубанди чойи хушк таҳти тамғаҳои Марал Чой, Шоҳона ва Султон, • истеҳсоли маҳсулоти шуянда, шампун ва собуни моеъ таҳти тамғаи Идеал, • сехи бастубандии равғани растанӣ, • интернет-мағозаҳо, • китобхона барои мардум. Аз соли 2021 то имрӯз питзохонаи Питзохаус-ро роҳандозӣ намуда, онро то 4 филиал расонидем. Дар аввали соли 2025 бошад, қаҳвахонаи Марал-ро дар маркази шаҳр кушодем. Дар давоми 10 сол ман то 7 намуди бизнесро ҳамзамон идора намуда, садҳо нафарро бо ҷои кори доимӣ таъмин карда, инчунин зиёда аз 1 миллион доллари амрикоӣ сармоя ҷалб намудам. Дар ин муддат ман ба зиёда аз даҳҳо кишвари ҷаҳон сафарҳои корӣ анҷом додам ва аз он ҷо молу ашё ворид мекардам. Вале ҳамеша орзу мекардам, ки рӯзе на танҳо воридкунанда, балки содиркунандаи маҳсулоти ватани худ низ бошам. Имрӯз ин орзу ба воқеият табдил ёфтааст: ман иқдоми навро оғоз кардам – се навъи чойи сирф тоҷикӣ, ки бо гиёҳҳо ва гулҳои табиати куҳсори кишвари азизамон омода мешаванд, ба ҷаҳониён муаррифӣ ва ба бозорҳои хориҷӣ содирот кунам. Лоиҳа дар ҳоли анҷомёбист ва нахустин партияи чунин чойҳо бо номи Помир ва Сомонӣ ба хориҷ аз кишвар содир хоҳад шуд. Ҳоло бошад, мо Холдинги ABD-ро таъсис додаем, ки 5 лоиҳаи тиҷоратиро дар бар гирифта ва идора мекунад. Ман ба ин боварам: идоракунии осон ва рушди устувори тиҷорат танҳо бо омӯзиш ва аз худ кардани илму системаҳои дуруст имконпазир мегардад. Бо такя ба таҷрибаҳои бадастоварда ва омӯзишҳое, ки дидаам, ман Академияи тиҷорати «Рушд»-ро таъсис додам. Рисолати он – омӯзонидани роҳҳои осон, замонавӣ ва системавии пешбурди бизнес ба соҳибкорон мебошад. Ман ҳамчунин 7 китоб дар соҳаҳои муҳими тиҷорат таълиф намудам, то тавонам тавассути китоб низ саҳми худро дар рушди тиҷорати соҳибкорон гузорам. 🔹 Яке аз вижагиҳои асосӣ ва фарқкунандаи Академияи мо дар он аст, ки дарсҳо на танҳо назариявӣ, балки амалӣ низ мегузаранд. Ҳар як соҳибкор мустақиман дар дохили лоиҳаҳои тиҷоратии мо таҷриба мегирад ва бо чашми худ мебинад, ки бизнес чӣ гуна аз дарун идора ва рушд дода мешавад. Имрӯз алакай садҳо соҳибкор бо роҳнамоӣ ва машваратҳои Академияи мо тиҷоратҳои худро замонавӣ карда, рушд медиҳанд.