7 ҚОНУНИ БАРАКАТ ДАР ТИҶОРАТ
Цена
"7 Қонуни Баракат дар Тиҷорат" — китобест нодир, ки маърифати маънавиро бо таҷрибаи тиҷоратӣ мепайвандад. Дар он 7 принсипи аслии маънавии баракат дар тиҷорат шарҳ дода мешавад: 1. Ният ва рисолат, 2. Ҳалол ва адолат, 3. Садақа ва иноят, 4. Шукр ва қаноат, 5. Аҳд ва вафо, 6. Дониш ва таҷриба, 7. Дуо ва таваккал. Барои ҳар қонун, муфассал оятҳо, ҳадисҳо, тафсирҳо, қиссаҳо ва саволҳои амиқи тафаккур оварда шудааст. Китоб на танҳо рӯҳбаланд мекунад, балки роҳи амалӣ пешниҳод мекунад, ки чӣ гуна даромадро бо ризоияти Худо ва баракати ҳақиқӣ пайваст намудан мумкин аст. Ин китоб барои онҳое аст, ки мехоҳанд соҳибкори маънавӣ, одил ва баракатдор шаванд. ❤️ Агар даромад доред, вале баракат нест — шояд вақти бозгашт ба аслҳост. Ин китоб шуморо ба ёди он меорад, ки чаро оғоз кардед. Шумо на фақат пул, балки осоиш, маъно ва ризоият мехостед. «7 Қонуни Баракат дар Тиҷорат» як даъват аст — ки ба тиҷорати худ рӯҳи нав диҳед. Дар ҳар боб, инсоният эҳё мешавад: нияти пок, додани ҳақ, ёрии дигарон, қаноат ва таваккал ба Парвардигор. Ин китоб шуморо эҳсос мекунад, гирён мекунад, ва аз нав зинда мекунад — ҳамчун соҳибкор ва ҳамчун инсон. ✍️ Муаллифи китоб, соҳибкор ва асосгузори Бизнес-Академияи «Рушд» ва роҳнамои маънавии тиҷорат — Абдулбосит Абдуллозода.